Language:

The Free and Open Productivity Suite
Apache OpenOffice 4.1.3 released


Маҳсулоти OpenOffice.org

OpenOffice.org пакети кории барномаҳо мебошад, ки озодона паҳн карда мешавад (истифодааш бепул аст).

Вай аз чунин модулҳо иборат аст:

  • Writer (Таҳриргарии матн ва HTML).
  • Calc (Ҷадвалҳои электронӣ).
  • Draw (модули сураткашии векторӣ).
  • Impress (баёния-презентатсияҳо).
  • Formula-editor (таҳриргари формулаҳо).
  • Database module Модули базаи додашудаҳо (дар таҳти коркард қарор дорад: ба шумо лозим меояд, ки ба компютератон драйвери алоҳидаи базаи додашудаҳоро ба монанди MySQL-и озодона паҳншаванда насб кунед).

Аз нигоҳи имкониятҳо ва иқтидор, OpenOffice.org-ро бо чунин пакети кории барномаҳои машҳур (истифодаашон пулакӣ) аз қабили MS-Office муқоиса кардан мумкин аст.

Барои шиносои бо имкониятҳои он, шумо метавонед ба ин саҳифа гузаред.

Шумо метавонед озодона аксари ҳуҷҷатҳои пакети MS-Office-ро (Word, Excel, Powerpoint) кушоед, таҳрир кунед ва онҳоро дар андозаи OpenOffice.org (ё агар хоҳед) дар андозаи аслӣ сабт намоед. Маҳдудияти асосӣ ин аст, ки OpenOffice.org макросҳои ин ҳуҷҷатҳоро истифодабарӣ намемонад. Вале онҳо нигоҳдорӣ мешаванд, ки ин ба шумо имконият медиҳад ҳуҷҷатҳоятонро дубора дар MS-Office таҳрир кунед ва аз макросҳояш истифода баред.
Ин як пешравӣ аст, зеро тасвири расмии андозаҳои файлии MS Office мавҷуд нест (Microsoft онҳоро нашр намекунад). Агар шумо ҳуҷҷати MS-Office-ро дарёфт кардед, ки аз тарафи OpenOffice.org дуруст кушода намешавад, дар ин бора ба барномасозони OpenOffice.org: "issue" хабар дихед. Бо ин роҳ ин камбудӣ дар оянда ислоҳ карда мешавад.

Бидонед, ки такмили OpenOffice.org ба пуррагӣ "тамом нашудааст" (ва ба монанди дигар барномаҳои калонҳаҷму мураккаб ҳеҷ вақт тамом ҳам намешавад). Вай ҳоло ҳам метавонад дорои саҳву ғалат ва нуқсонҳо бошад. Вале аксари вақт аллакай версияи 1.0 аз ўҳдаи корҳои шумо мебарояд.

StarOffice 6.0 ва OpenOffice.org 2.0

Истифодаи StarOffice 6.0 афзалтар аст, агар ба забони модарии шумо баромада бошад, вале он бепул нест. Азбаски сарчашмаҳои StarOffice 6.0 ва OpenOffice.org як мебошанд, онҳо дар миқёси муқоисашавандаанд. Фарқият дар он аст, ки StarOffice 6.0 дорои баъзе чузъҳо мебошад, ки ё дар OpenOffice.org нестанд, ё нокомиланд (ба пуррагӣ корбаст нашудаанд). Масалан StarOffice 6.0 рўйхати синонимҳоро барои якчанд забон дорад ( дар OpenOffice.org факат барои забони англисӣ), дастгирии функсияҳои базаи додашудаҳояш беҳтар аст, дорои миқдори зиёди қолабҳо, клипартҳо ва ғайра мебошад. Литсензияи он камтар аз 100 euro аст, ки ин барои ин қабил барнома хоксорона мебошад. Бо пардохти ин маблағ, шумо соҳиби дастгирии расмии Sun мешавед. Барои маълумоти бештар, лутфан ба саҳифаи Sun Microsystems гузаред.

 

 

 
tj.openoffice.org
Сарлаҳва
Маҳсулот
Маълумот
Сабткашӣ кунед
CD-ROM
Санҷиши дурустии навишти калима
Лоиҳа
Таърих
Саволҳои бештар пурсидашуда (FAQ)
Кумакгирӣ 
Варақаҳои иттилоотӣ
Ҳуҷҷатгузорӣ
Саҳмгузорӣ
Чи гуна?
Хабар  додани хатоиҳо
Алоқа
Варақаҳои иттилоотӣ
Нишонии мо
Дигар намуди маълумот
Сипосгузориҳо
Литсензия

Copyright & License | Privacy | Contact Us | Donate | Thanks

Apache and the Apache feather logo are trademarks of The Apache Software Foundation. OpenOffice, OpenOffice.org and the seagull logo are registered trademarks of The Apache Software Foundation. Other names appearing on the site may be trademarks of their respective owners.